Нақшаи роҳбандӣ барои амнияти ҳаракати президентҳо дар Душанбе

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки барои таъмини амнияти ҳаракати роҳбарони давлатҳои ИДМ, ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил омадаанд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар пойтахти кишвар маҳдуд хоҳад шуд

Тибқи иттилои шуъбаи Бозрасии автомобилӣ дар Душанбе маҳдудияти ҳаракат аз соати 09:00-и 27-уми сентябр оғоз мегардад.

“Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ), ки рӯзҳои 27 ва 28-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, аз соати 09:00 то анҷоми чорабинии мазкур ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, С. Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Низоми Ганҷавӣ, Н. Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгрҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи С. Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Вазорати умури дохилӣ аз ронандагон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи  воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” истифода баранд.

Ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе 27-28-уми сентябр баргузор мегардад. Қарор аст, бархе аз роҳбарони давлатҳо, ба хусус Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон ва Александр Лукашенко, роҳбари Белорус аз шаҳри Турсунзода ва Норак дидан кунанд.

Лентаи хабарҳо
0