Додситонӣ сабаби фуруди изтирории ҳавопаймои Маскав – Хуҷандро гуфт

CC0 / Pixabay / В салоне самолета, архивное фото
В салоне самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймои мусофирбари масири Маскав – Хуҷанд шаби гузашта дар фурудгоҳи Курумочи Самара нишасти изтирорӣ анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тавре расонаҳои маҳаллӣ аз қавли додситонии нақлиёти Самара иттилоъ доданд, ҳавопаймои ширкати “S7 Airlines”  шаби 27 сентябр тақрибан соати 00:50 дақиқа ба таври изтирорӣ дар Курумоч фуруд омадааст. 

Додситонии нақлиётӣ далели фуруди изтирориро хуруҷи бемории як мусофир, шаҳрванди Тоҷикистон, хондааст, ки мушкили фишори хун доштааст. Манбаъ мегӯяд, мусофир дар пайи гирифтани кӯмаки тиббӣ ва беҳбуди вазъи саломатиаш аз бистарӣ шудан дар беморхона худдорӣ кардааст ва ҳавопаймо парвозашро давом додааст.

Додситонии нақлиётии Русия изҳор доштааст, ки ҳавопаймо баъди тақрибан 1,5 соати нишасти изтирорӣ, соати 2:25 дақиқа ба самти Хуҷанд парвоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0