ДУШАНБЕ, 27 сен - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири узбак Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику узбак дар майдони 2,23 гектар бунёд гардидааст.
Манбаъ афзуд, ки роҳбарони ду кишвар аз рӯйи муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Навоӣ парда бардошта, ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба гузаштаи хеш ва гиромидошти хотираи неки ин ду абармарди таърихӣ дар пояи муҷассама гулчамбар гузоштанд.
“Муҷассамаи шоирон аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшу нигори хос ба ҳарду миллат ҳаккокӣ гардидааст”, - иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар боғи Навоӣ 80 адад нишастгоҳ, қаҳвахона бо 50 ҷой, майдонча барои бозии кӯдакон, ду нуқтаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишӣ ташкил шудааст.