Шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷалби сокинони Хабаровск ба ДОИШ ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкСизо, архивное фото
Сизо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон як сокини Хабаровскро барои анҷом додани амали террористӣ дар Русия зери парчами ДОИШ омода намудааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Додгоҳи минтақаи Шарқи дури Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҷалби як сокини Хабаровск ба сафи ДОИШ (мамнӯъ дар Русия) ва анҷоми амалҳои террористӣ гунаҳгор дониста, ба 4,5 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст саридораи ФСБ дар минтақаи Шарқи дури Русия.  

Ба иттилои манбаъ , додгоҳ муаян намудааст, ки маҳкумшуда дониши динӣ дошта,  пайрави гурӯҳҳои тундрави исломӣ буда аз фаъолияти гурӯҳи террористии ДОИШ ҷонибдорӣ мекардааст.

Операция ФСБ по цничтожению террориста в Нижнем Новгороде - Sputnik Тоҷикистон
ФСБ теруристеро аз миён бардошт, ки мехост дар рӯзи интихобот амалиёт анҷом диҳад

Тайи чанд моҳи охир вай дар Хабаровск зиндагӣ карда, миёни чанд нафар ташвиқот мебурд. Ҳатто як нафарро бар зери парчами ДОИШ барои анҷом додани амали террористӣ дар қаламррави Русия, омода намудааст. Моҳи декабри соли 2017 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд.

“Додгоҳи низомии минтақаи Шарқи дури Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумаки амали террористӣ гунаҳгор донист,  ӯро чор солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард”, - иттилоъ додааст манбаъ.

ФСБ таъкид кардааст, ки додгоҳ ҳангоми судури ҳукм бар уҳда гирифтани гуноҳ ва пушаймонии маҳкумшударо ба назар гирифтааст. 

Лентаи хабарҳо
0