Хадамоти Гумрук: сокинони пойтахт бо 472 грамм маводи психотропӣ дастгир шуданд

© Таможенная служба ТаджикистанаЗадержание контрабанды антарктических и психотропных веществ
Задержание контрабанды антарктических и психотропных веществ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулов Хуршедро дастгир намуда аз ӯ 472 грамм моддаҳои психотропии «МДМА» дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik.  Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷараёни гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сокини пойтахт Гулов Хуршед Саломович, соли таваллудаш 1964 дастгир карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Гулов Хуршед Саломович, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе буда,  бо гумони даст доштан ба ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дастгир карда шуд.

Шерхон Салимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шерхон Салимзода: дар 6 моҳ 628 кило маводи мухаддир мусодира шуд

“Дар рафти кофтукови шахсии дасгиршуда, аз ӯ ба миқдори 1395 дона маводҳои рангашон хокистаранг ва кабудча дар намуди ҳабҳо дарёфт гардид. Мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон маводҳои мусодирашуда моддаҳои психотропии «МДМА» буда, вазни умумияшон 472 граммро ташкил дод”, таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ дар вилояти Суғд дигар иштироккунандаи ҷинояти мазкур, шаҳрванд Гулов Толибҷон Хуршедович соли таваллудаш 1998, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе низ  дастгир карда шуд.

Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ҷавони 28-сола бо 100 кило маводи мухаддир ва силоҳ дар Шуғнон

“Нисбат ба шаҳрвандони мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, дар Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қарор дорад”, афзуд манбаъ.

 Манбаъ таъкид намудааст, ки бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумрук муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиётҳои махсуси фавриву ҷустуҷӯйӣ доир менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0