ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Овозхон ва продюсери номии тоҷик Беҳрӯз Зеваров аз кӯчарӯбиаш дар пойтахт дар саҳифаи иҷтимоии Инстаграм хабар додааст. Тавре дар акс ва наворҳое, ки ҳунарманд мунташир кардааст, дида мешавад, Зеваров дар он дар даст ҷоруб хазонҳои кӯчаро тоза мекунад.
"Вақтҳои охир одамони зиёдеро дучор мешавам, ки намуди зоҳирии пойтахтамонро вайрон мекунанд. Чаро мо доим дигаронро таъна кунему худам кореро анҷом надиҳем? Охир мо бояд корро аз худамон сар кунем. Эҳтиром ва дӯстдории шаҳри худ бояд дар дили мо бошад", - менависад вай.
Ӯ дар идома аз дӯстони маҷозиаш даъват кардааст, ки дар тозагии шаҳр саҳмгузорӣ кунанд.
"Дӯстон, бояд шаҳрамонро озода нигоҳ дорем. Бояд, инро худамон дар якҷоягӣ анҷом медиҳем", - даъват мекунад вай.
Бештари корбарони шабакаи Инстаграм ин иқдоми ҳунармандро дастгирӣ кардаанд. Аммо онҳо навиштаанд, ки масъала дар сари тоза кардан набуда, дар тоза нигоҳ доштани шаҳр аст.
"Офарин. Агар ҳаряки мо ақалан партовашро дар ҳама ҷо напартояд, шаҳр сабз мешавад", - менависад Мадина Ҷалолова.
"Тозагӣ дар ҷоест, ки чиркин намекунанд. На дар ҷое, ки тоза мекунанд. То он вақте ки ин нуқтаро мардум намефаҳманд, тазагиро наметавон нигоҳ дошт", - менависад як корбари дигар.
Кӯчарӯбии Беҳрӯз Зеваров дар ҳолест, ки пештар дар моҳи март хабар дода шуд, ки Рустам Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба занони кӯчарӯби пойтахт 3 миллион сомонӣ ҷудо кард.
Тибқи қарори шаҳрдор, ба муносибати Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз бо мақсади ҳавасманд намудани занону бонувони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, хоҷагиҳои манзилию коммуналлӣ, фаррошони дастгоҳи раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе, 2 920 000 (ду миллиону нуҳсаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид.