Теъдоди муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар 27 сол ба Русия

Обуна шудан
Аз соли 1990 то 2000-ум аз Тоҷикистон ба Русия ба ҳисоби миёна ҳамасола наздик ба 400 ҳазор нафар муҳоҷират мекарданд

Дар соли 2010 теъдоди нафароне, ки мехостанд ба Русия муҳоҷират кунанад, алакай ба 460 ҳазор нафар расид. Аммо дар соли соли 2017 ин нишондод ба 470 ҳазор нафар расид.

Аз Қирғизистон ба Русия дар аввали солҳои 90-ум наздик ба 450 ҳазор нафар  дар як сол муҳоҷират мекарданд, аммо аз Қазоқистон бошад дар ин солҳо ба Русия беш аз ду миллион нафар ба ҷустуҷӯи кор омаданд.

Дар умум бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва пули муҳоҷирон, яке аз омилҳои муҳими ҳифзи вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мебошад.

Ҳоло наздик 11,3 дарсад шаҳрвандони кишвар дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 10 миллион шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият мекунанд.

Тасвирбаёни  Sputnik Тоҷикистон дар бораи теъдоди муҳоҷирони шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Русияро пешниҳод менамоем.

Лентаи хабарҳо
0