Қарори раиси Душанбе: дар маркази пойтахт Боғи ба номи Аҳмади Дониш ташкил шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевДети сидят на траве в парке, архивное фото
Дети сидят на траве в парке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор гулгашти хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомониро “Боғи ба номи Аҳмади Дониш” номгузорӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, қарори мазкур бо мақсади ободу зебо ва  ҷолиб гардонидани симои пойтахти Тоҷикистон қабул шуда,  Боғи навтаъсиси ба номи Аҳамади Дониши 2,85 гектарро дар бар мегирад.

Бар асоси қарори Рустами Эмомалӣ “Боғи ба номи Аҳмади Дониш”  ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузаронда шудааст.

Муовини раиси Душанбе ва раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муваззаф шудаанд, ки  барои фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур чораандешӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0