Ҳушдори Рустами Эмомалӣ аз зимистони сарди соли 2018-2019

© Пресс-служба мэра города ДушанбеСъезд народных депутатов города Душанбе
Съезд народных депутатов города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе аз зимистони сарди 2018-2019 ҳушдор дода, таъкид намудааст, ки он бояд бидуни мушкилот паси сар шавад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, омодагӣ ба зимистон имрӯз аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи вакилони халқи шаҳри Душанбе буд.

Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласа дар хитоб ба масъулин таъкид кардааст, ки бо инобати сард пешгӯӣ гардидани зимистони имсола, тамоми сохторҳо бояд барои бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагӣ гиранд.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои марбута муваззаф шудаанд, ки барои таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, об, гармӣ ва нақлиёт чораандешӣ кунанд.

“Масъулин мувавззаф шуданд, ки барои омода ва пайваст намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти пойтахт ба низоми гармидиҳандаи шаҳри Душанбе, таъмини мунтазами аҳолӣ бо барқ, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳр, омодасозии пурраи муассисаҳои давлатии истифодабарии роҳҳо, анҷом додани корҳои таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои автомобилгард,  омода намудани низоми обпартоии шаҳр, таъмини муътадил ва босифати оби нӯшокӣ, захираи кофии маводи сӯзишворӣ ва ангишт ва назорати генераторҳои барқӣ дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тадурустӣ ва фарҳангӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Лентаи хабарҳо
0