Бонки Миллӣ қурби рублро боз боло бурд

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон, ки тайи моҳҳои охир поин шуд, дар оғози ҳафтаи нав боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, рубли русӣ , 24 сентябр дар бозори нақди кишвар аз 0.142 сомонӣ то 0.1425 сомонӣ арзиш дорад.  Қаблан арзиши 1000 рубли русӣ то 134 сомонӣ поин рафта, ҳафтаи гузашта то 138,5 сомонӣ боло рафта буд.

Бонки Миллӣ иттилоъ додааст, ки имрӯз дар бозори нақд қурби 1 доллари ИМА ба 9.43,  1 евро -11,1 сомонӣ муайян шудааст.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Барои додани иттилои нодуруст: Бонки миллӣ фаъолияти 3 ширкатро мамнуъ кард

Ин ниҳод дар бозори ғайринақдӣ арзиши 1 долларро — 9.4231 сомонӣ, 1 евро – 11.0608 сомонӣ ва 1 рубли русиро — 0.1411 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба қурби рубл, ки аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо ин асъор маош мегиранд, зиёд буда, поинравии он зарбаи ҷиддӣ ба даромади  хонаводаҳо дар ин кишвар арзёбӣ мешавад. Дар баробари ин афзоиши қурби доллар, ки одатан болоравии нархҳоро дар пай дорад, боиси нигаронии мардум мешавад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Лентаи хабарҳо
0