Нигаронии Раҳмон аз фарбеҳшавӣ: пухтупаз танҳо кори бонуҳо нест

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл новую школу в Душанбе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон открыл новую школу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, фарбеҳшавӣ дар кишвар ба як мушкили умда табдил ёфта истодааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, пухтупаз танҳо хоси кадбонуҳо набуда, ҳама бояд ҳанӯз аз замони наврасӣ тарзи дуруст омода кардани ғизои солимро омӯзанд

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ифтитоҳи Академияи ҷаҳонии Кембриҷ дар Душанбе аз муҳайё кардани шароит барои омӯхтан ва тарзи дуруст омода кардани ғизои солим дар муассисаҳои таълимӣ истиқбол кард.

Продуктовая корзина, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ним тухму 25 грамм моҳӣ: Ҳукумат ғизои якрӯзаи шаҳрвандонро тавсия дод

“Меомӯзанд, ки кадом ғизоҳо бо кадом меъёрро бояд омода кунанд, ки барои саломатӣ фоида дошта бошад.  Танҳо як ғизо не, бачаҳо аз наврасӣ меомӯзанд, ки аз кадом маҳсулот чӣ гуна ғизо тайёр кардан зарур аст, ки ҳам барои саломатии худашон ва ҳам саломатии оила муфид бошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки чунин иқдом барои васеъ кардани тафаккури ҷавонон хеле муҳим мебошанд ва афзуд, ки фарбеҳшавӣ дар кишвар ба мушкилӣ табдил ёфтааст.

Таъкиди раисиҷумҳур ба ғизои солим дар ҳолест, ки ахиран Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ барои сокинони кишварро ба тасвиб расонд.

Тибқи меъёрҳои мазкур, як нафар дар давоми як шабонарӯз бояд 404 грамм нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳиву маҳсулоти он, 316 грамм ширу маҳсулоти ширӣ ва инчунин ними тухми мурғ истеъмол намояд.

Лентаи хабарҳо
0