ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гуфтаи тарроҳон либосҳои пешниҳодшуда бо илҳом аз муди тоҷикӣ ва фаронсавӣ офарида шудаанд. Намоиши мазкур дар доираи ҳафтаи Фаронса дар Тоҷикистон, ки ҳафтаи ҷорӣ сурат гирифт, баргузор шуд.
Ясмин Гуедар, сафири Фаронса дар Тоҷикистон низ аз баргузории ин намоишгоҳ иттилоъ дода, дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд аксро нашр намудааст.
Superbe défilé de mode ce soir à la Chaihona Rohat, point d’orgue de la #SemaineFrance18 !#DushanbeThePlaceToBe pic.twitter.com/6HUFBrx7U7
— Yasmine Gouedard (@Y_Gouedard) 22 сентября 2018 г.
Хуршед Сатторов қаблан низ дар Душанбе намоиши либос зери унвони “Роҳ ба сӯи Париж” – ро баргузор намуда буд. Сатторов изҳор дошта буд, ки роҳ ба сӯи Париж орзуи ӯст ва мехоҳад муди тоҷикро дар ин маркази муди ҷаҳон ба оламиён муаррифӣ намояд.