ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар анҷумани мазкур, ки аз 19 то 21 сентябр дар шаҳри Санкт Петербург беш аз 2 ҳазор намояндаи 120 кишвари ҷаҳонро ба ҳам овард, Юсуфӣ ҳамчун ходими фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсӣ муаррифӣ шуд.
Зикр шуд, ки Юсуфӣ муаллифи беш аз 60 лоиҳаи қонун, аз ҷумла дар таҳияи Кодекси оила, тандурустӣ, қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаъолона иштирок дошта, барои рушди устувор ва ҳамкории бештари иқтисодию иҷтимоии кишварҳо талош мекунад.
Ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни гирифтани ҷоиза аз дасти Матвиенко изҳор дошт, ки Валентина Ивановна намунаи ибрат барои занони сиёсатмадори тоҷик мебошад.
Хайриниссо Юсуфӣ афзуд, аз ҳамаи онҳое, ки дар роҳи фаъолияаш, ҳангоми фуруду фароз, хатою дастовардҳо ва пешрафтҳо ҳамроҳаш будаанд, миннатдор мебошад. Ӯ ба мардуми Тоҷикистон ва роҳбари он барои эътимод ва имкони хидмат ба Ватани худ сипос гуфт.
“Дугонаҳо, иштирокдорони муҳтарами Анҷуман, роҳи зан дар сиёсат хеле тӯлонитар ва мушкилтар нисбат ба мардҳо мебошад, аммо ҳеч гоҳ аз орзуҳоятон даст накашед, руҳафтода нашавед. Пешатон мақсад гузоред ва барои ноил шудан ба он амал кунед”, - таъкид намуд Юсуфӣ дар хитоб ба иштирокдорони Анҷуман.
Анҷумани занони АвруОсиё пойгоҳи ҷадид барои баррасии ҳамкориҳо ва таҳкими мақоми зан дар бахшҳои гуногуни ҷомеа буда, соли равон дар ҷаласаи он Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ иштирок кард.