ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Аҳмади Мирзопур, куштигири эронӣ дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Тахтӣ” паҳлавони тоҷик Фарҳод Анақуловро шикаст дода, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Аммо дар пайи сабқат маълум гардид, ки Мирзопур аз ташхиси допинг, ё худ доруҳои нерӯбахш нагузаштааст ва дар натиҷа медалҳои ӯ ба Анақулов дода шуданд.
Инчунин медали тиллои Мирзопур, ки бо шикаст додани Анақулов дар Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар Туркманистон ба даст оварда буд, ба варзишкори тоҷик гузашт.
Дар бозиҳои Осиё дар Ашқобод аз рӯи намуди паҳлавонӣ дар вазни беш аз 90 кило Аҳмади Мирзопур Фарҳод Анақуловро шикаст дода буд.
Дар маҷмуъ тими Тоҷикистон дар Туркманистон 51 медал, аз ҷумла 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷиро ба даст оварда, дар зинаи 17-ум қарор гирифта буд.
Фарҳод Анақулов ахиран дар бозиҳои сеюми ҷаҳонии кӯчиҳо, ки моҳи равон дар Қирғизистон баргузор гардид, барои тими Тоҷикистон ду медал-як тилло ва як нуқраро ба даст оварда буд. Анақулов дар куштии гюлеши озарӣ тилло ва дар куреши қазоқӣ нуқра гирифта буд.