Муборакбод: барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири Ҷопон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с премьер-министром Японии Синдзо Абэ. Архивное фото
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона с премьер-министром Японии Синдзо Абэ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Раиси Ҳизби Либерал-демократии Япония самимона табрик ва таҳният менамоям, гуфтааст раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Раиси Ҳизби Либерал-демократии Ҷопон самимона табрик ва таҳният менамоям", - омадааст дар мактуб.

Раисҷумҳур аз муносибатҳои тҷоикистон ва Ҷопон изҳори қаноатмандӣ кардааст.

"Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамкории гуногунарсаи судманди кишварҳоямон ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд", - таъкид доштааст президент.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз марги президенти Ветнам

Таҳкими робитаҳои дӯстона бо Япония яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, мо ба рушди муносибатҳои худ бо кишвари Шумо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем ва ҷонибдори инкишофу нумӯи ҳар чи бештари онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем, афзудааст ӯ.

Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

"Ба Шумо, ҷаноби Сарвазир, сиҳҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Ҷопон – пешрафт, саодат ва сулҳу амонӣ орзумандам", - таманно кардааст кишвардор.

Лентаи хабарҳо
0