ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Тавре хабаргузории Tasnim хабар медиҳад, дар Эрон ҳангоми гузашти низомӣ ҳамлаи интиҳорӣ рух дод. Бино бар иттилои манбаъ, бештар аз 10 тан, аз ҷумла низомиён ва рӯзноманигорон қурбони ин ҳодиса шуда, 20 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд.
اولین تصاویر از حمله تروريستی به مراسم رژه نیروهای مسلح در اهواز pic.twitter.com/j1PFsjzwSl
— خبرگزاری ایسنا (@isna_farsi) 22 сентября 2018 г.
Ҳодиса дар дар шаҳри Ахвози Эрон субҳи имрӯз рух додааст. Дар рафти гузашти низомӣ чанд тан ба оташ кушодаанд.
تصاویری از حمله تروریستی به رژه نیروهای مسلح در اهوازhttps://t.co/Y8KIdxlpE4 pic.twitter.com/Qt0NPsXyVx
— خبرگزاری ایسنا (@isna_farsi) 22 сентября 2018 г.
Аз 10 тан ҳалокшудагон 8 нафарашон низомӣ буданд. Яке аз қурбониён рӯзноманигор будааст.
Бино бар иттилои расонаҳои Эрон, мақомоти қудратии кишвар ду тан ҷангиро безарар кардаанд.