ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Русияро дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, муовини вазири коҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад, иттилоъ додааст Мария Захарова намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия.
“Ман ин маълумотро дақиқ мекунам, аммо тавре, ки ман медонам ба ҷаласаи мазкур Муовини вазир меравад”, гуфт Захарова
Ёдрас мешавем, ки дар Душанбе 27 сентябри соли равон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷа ва рӯзи 28 сентябр ҷаласаи Сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки мақомоти Тоҷикистон интизор доранд дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия иштирок мекунад.
Ҳатто Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон тасмим дошт бо ҳамтои русаш мулоқот кунад ва вазъи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намояд.
Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон тасмим дошт бо Сергей Лавров мулоқот намояд.