Паёмакҳо сокинони Тоҷикистонро аз вазъи обу ҳавои номусоид хабардор мекунанд

© Pixabay / TeroVesalainen Сотовый телефон, архивное фото
Сотовый телефон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилои лозим дар мавриди обу ҳавои номусоид тариқи телефонҳои мобилӣ паёмакҳои огаҳкунанда мефиристад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба аҳолӣ барои сари вақт расонидани маълумот дар бораи обу ҳавои номусоид, тариқи телефонҳои мобилӣ паёмакҳои огаҳкунанда фиристад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.

Ба гуфтаи манбаъ, аҳолӣ бояд сари вақт тавсияҳоеро дарёфт намояд. Яке аз  ин воситаҳо баро огаҳ намудани аҳолӣ телефонҳои ҳамроҳ будааст. Чунки ҳамаи аҳолии кишвар: донишҷӯён, коргарон, хонандагони мактабҳои миёна, солмандону нафақахӯрон аз телефонҳои ҳамроҳ истифода мебаранд.

“Бо мақсади ба аҳолӣ фавран расонидани ҳавои номусоид, огоҳиҳо, тавсияҳо барои ҳолатҳои гуногуни фавқулодда роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тасмим гирифт бо ширкатҳои мобилии мамлакат дар самти хабаррасонии аҳолӣ бо паёмакҳо ҳамкорӣ кунад”, таъкид кардааст манбаъ. 

Ба ҳамин хотир Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷаласаи муштараки роҳбарияти Раёсат бо роҳбарони ширкатҳои мобилии  «Вавилон-Мобайл», ООО «Таком», «Tcell» ЗАО «Индиго Тоҷикистон» ва «Таҷиктелеком» баргузор намуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба аҳолӣ расонидани хабару огоҳиҳо аз роҳи  ирсоли паёмакҳо, ҳамчунин нишон додани рақамҳои фаврӣ, ки корафтодагон оҷилан барои кумакҳои зарурӣ муроҷиат намоянд, барарсӣ гаридидааст. 

Лентаи хабарҳо
0