ВКД: модаркалон набераи сесолаашро зинда таги хок карда куштаст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗдание МВД в Душанбе, архивное фото
Здание МВД в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 58-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иттилоъ дод, ки дар қатли набераи сесолааш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ, 18-уми сентябри соли 2018, соати 16:30 аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷасади писарбачаи хурдсол дарёфт гардид.

“Маълум гардид, ки ҷасади дарёфтгардида писарбачаи 3-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ мебошад”- омадааст дар иттилоия.

ВУД афзуд, ки дар пайи чорабиниҳои оперативӣ муайян карда шуд, ки кӯдаки марҳумро 12-уми сентябри соли 2018, тахминан соатҳои 10:00-дақиқа, модаркалонаш тариқи маҷбурӣ зинда, таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба ҳалокат расидааст.

“Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, - таъкид намуд ВУД.

Лентаи хабарҳо
0