Филми “Чой” аз Узбакистон соҳиби Шоҳҷоизаи Кинофестивали “Навсоз” гардид

© © Sputnik / Амир ИсаевПочетные гости на III Международного фестиваля короткометражных фильмов "Навсоз"
Почетные гости на III Международного фестиваля короткометражных фильмов Навсоз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар ҷашнвора наздик ба 80 филм пешниҳод шуда буд, ки аз миёнашон 20 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатиро барои сабқат дар бахшҳои озмунӣ ва ғайриозмунӣ роҳ ёфтанд. Дар ҷашнвораи мазкур 5 филм аз Тоҷикистон, 3 филм аз Қазоқистон, 2 филм аз Қирғизистон, Арманистон, Узбакистон, Амрико ва Беларус намоиш гузошта шуданд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Рӯзи 19 сентябр, дар кинотеатри “Ватан” маросими пӯшидашавии 3 –юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ “Навсоз” баргузор гардид. 

Ҳакамон дар давоми аз 17 то 18 сентябр тамоми филмҳои пешниҳодшударо тамошо намуда, онҳоро баҳогузорӣ намуданд.

Филми “Чой” аз Узбакистон, ки муаллиф ва коргардонаш Шокир Холиқов, наворбардор Акмал Маматов мебошад, аз тарафи ҳакамон баҳои баланд гирифта соҳиби “Шоҳҷоиза”-и 3 – юмин Кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ — “Навсоз” гардид.

Инчунин ҷоизаи “Беҳтарин филмнома”-ро филми “Куб” аз Қазоқистон, “Беҳтарин наворбардор”-ро филми “Як рӯз” аз Арманистон, “Беҳтарин коргардон”-ро филми “Зери шохаҳои дарахтҳо” аз Белорусия, “Беҳтарин филми ҳуҷҷатӣ”-ро филми “Навои осмонӣ” аз Қирғизистон, ва Беҳтарин филми бадеӣ”-ро филми “Ботин” аз Амриков соҳиб шуданд.

Ҳамчунин ҷоизаи махсуси ҳакамонро филми “Кулол” аз Тоҷикистон ба даст овардааст.  

Лентаи хабарҳо
0