ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонсии омор, ба Тоҷикистон 54 кишвари дунё ба маблағи беш аз 29 млн. доллар кумаки башардустона расонданд.
Ба Тоҷикистон ҳачун кумаки башардустона наздик ба 20 ҳазор тонна орду равғани растанӣ, воситаҳо ва дорувории тиббӣ, ҳамчунин дигар маҳсулот ворид гардид.
Манбаъ таъкид намудааст, ки аз рӯи вазни қиёсӣ кишвари нисбатан бузургтарини кумакрасон ба Тоҷикистон Русия дониста шудааст, ки 18,7 дарсад аз ҳаҷми умумии кумакҳои воридшуда ба кишвар рост меояд.
Ҳамчунин ба Тоҷикистон Чин (13,4%), Фаронса (9,3%), Ҳиндустон (8,6%), Туркия (8,3%), Швейтсария (8%), Қазоқистон (7,5%), Амрико (4,1%), Белгия (3,9%), Олмон (3,5%), Дания (2,1%), Чехия (1,9%), Беларус (1,7%), Полша (1,5%), Нидерланд ва дигар давлатҳо кумакҳои башардустона раснданд.