ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” Танҳо дар даҳ рӯзи охир, яъне аз 8 то 18 сентябр зимни амалиёти “Тартибот” 424 ҳолати қонунвайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шуд.
"Аз ҷумла, 8 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бидуни иҷозатномаи махсус, 1 ҳолати маст идора кардани мошин, 16 ронанда бо сабаби бо суръати баланд ҳаракат намудан, 25 мошин ба иллати аз санҷиши техникӣ нагузаштан, 23 ҳолати итоат накардан ба аломатҳои роҳ ба қайд гирифта шуда, ба ҳамин минвол 344 мошини дигар бо сабаби надоштани рақамҳои давлатӣ ва рақамҳои кишварҳои хориҷию худсохт боздошт шуданд”, гуфтааст манбаъ.
Инчунин ба гуфтаи манбаъ, дар давоми даҳ рӯз 19 адад воситаи нақлиёт мавриди санҷиши техникӣ қарор дода шуд ва нисбат ба 37 ронанда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия гардида, ба маблағи 3 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Амалиёти «Тартибот» мутобиқи Қонуни Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, зимни баргузории он ҳам аз ронандагон ва ҳам аз пиёдагардон талаб карда мешавад, ки дар асоси қонун ва кодекси мазкур амал намоянд.