Ҳукми 23 соли зиндон ба Зуҳриддин Буриев барои таҷовуз ва куштори зани нафақахӯр

Обуна шудан
Муҳоҷире аз Узбакистон дар вилояти Ленингради Русия барои таҷовуз ва куштори зани 60-солае ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, додгоҳи вилояти Ленинград Зуҳриддин Буриев — муҳоҷири 25-сола аз Узбакистонро барои таҷовуз ва куштори зани 60-солаи рус ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тавре маълум шудааст, 23 сентябри соли 2017 Зуҳуриддин Буриев дар яке аз ҷангалҳои вилояти Ленинград зани ношиносеро мебинад, ки ба ҷамъоварии сӯзанбарг машғул буд.

Насилие над женщинами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зани муҳоҷирро мардони муҳоҷир лату кӯб ва таҷовуз карда, аз ошёнаи севум партофтанд

"Муҳоҷир аз бартарияти ҷисмониаш истифода намуда, ба зани 60-сола ҳамла карда, нисбати ӯ бадрафторӣ кардааст. Сипас вай аз гӯшҳои зан гӯшворҳои тиллоиашро гирифтааст. Буриев ба хотири пинҳон кардани ҷиноят ба сари зан бо санг 21 маротиба зада, сипас ӯро бо банд буғӣ кардааст", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Зуҳриддин Буриев, баъд аз куштори зан, ҷасади ӯро ба мошин бор карда, ҷои ҳодисаро тарк мекунад. Аммо худи ҳамон рӯз вай ба садама дучор шуда, аз тарафи пулис дастгир мешавад.

Додгоҳи вилояти Ленинград, Буриевро мувофиқи моддаҳои "таҷовуз", "ғоратгарӣ", "қуштор" ва "дуздии мошин" гунаҳгор дониста, ӯро ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Лентаи хабарҳо
0