Порошенко ба Душанбе даъват шуд: Лебедев ба омаданаш бовар надорад

© Sputnik / Михаил Палинчак / Гузариш ба медиабонкПетр Порошенко. Архивное фото
Петр Порошенко. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пётр Порошенко, раисиҷумҳури Украина ба ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 28 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ, аз даъвати Пётр Порошенко ба ҳамоиши сарони кишварҳои узв дар Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки ҷавоби расмии Украинаро дар мавриди иштироки раисиҷумҳур то ҳол дастрас накардаанд. 

Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов - Sputnik Тоҷикистон
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба мулоқот дар Душанбе намеояд

"Вай ба ҷаласаи сарони кишварҳо албатта даъват шудааст. Чунин даъватнома вуҷуд дорад ва Украина аз ин огоҳ аст.  Ба эҳтимоли зиёд роҳбарияти Украина аз иштирок дар ин ҷаласа худдорӣ мекунад. Аммо мо ҳанӯз интизорем, чун таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавоби расмӣ дар баъзе мавридҳо қариб ки дар рӯзи охирон пешниҳод мешавад. Киев то ҳол посух дар бораи иштироки Порошенкоро ироа накардааст", — гуфт Лебедев ба хабарнигорон.

Ӯ афзуд, ки эҳтимол Ураина дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ ба ҳайси нозир иштирок намояд. Лебедев моҳи август иттилоъ дода буд, ки Украина намояндагияшро дар ниҳодҳои ИДМ бастааст ва тамоми иртибот бо ин кишвар тариқи сафоратхонааш дар Минск роҳандозӣ мешаванд.

Даъвати Порошенко дар ҳолест ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон ахиран гуфт,  дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Душанбе иштирок намекунад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барои иштирок дар ҳамоиши Душанбе, Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистонро муваззаф кардааст.

Ҳамоиши мазкур муҳимтарин чорабинии ИДМ дар соли 2018, соли роҳбарии Тоҷикистон дар созмон арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамоиш баррасии доираи васеи масъалаҳои марбут ба тиҷорат, иқтисодиёт, сиёсат ва амният дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0