Барканории Маликшо Неъматов ва таъини сафирони нави Тоҷикистон

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони навбатиаш Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Олмонро аз вазифа озод кард ва дар ҷои ӯ сафири нав Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшоро таъин кард

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, далели барканории Маликшо Неъматов гузаштан ба кори дигар мебошад.

Эмомали Рахмон встретился с новыми назначенными в ГБА - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти куллии кадрӣ дар Бадахшон: Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорони нав чӣ супориш дод?

"Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Маликшо Неъматов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Полша ва Сафири Фавқулодда ва Муҳтори Тоҷикистон дар Чехия озод карда шуд", —иттилоъ додааст манбаъ, аммо мақоми нави Неъматов зикр нашудааст.

Бо фармони дигари раисҷумҳури Тоҷикистон Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон таъин гардид.

Инчунин бо фармони раисиҷумҳур, Халифазода Масуд, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъин шуд. 

Лентаи хабарҳо
0