Оғози “Ҳафтаи Фаронса” дар пойтахти Тоҷикистон

© SputnikГород Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека.
Город Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Ҳафтаи Фаронса” дар Тоҷикистон имрӯз 17 сентябри соли равон шурӯъ шуда, то 22 сентябр идома хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар доираи Ҳафтаи Фаронса дар кишвар, имрӯз, соати 17:00 дар қароргоҳи Сафорати Фаронса бо иштироки Франсис Ришар конфрос илмӣ дар мавзӯи "Китобхонаи миллии Фаронса, манускриптҳо: Ҳамкории Тоҷикистону Фаронса" баргузор мегардад.

Инчунин қарор аст, 18 сентябр, соати 18:00 дар киностудияи "Тоҷикфилм" барои ҳаводорони синамо филми Реми Шае "Дар боми ҷаҳон" ба намоиш гузошта шавад.

19 сентябр, соати 09:00 дар Академияи улуми Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони "Ҳамкории бостоншиносӣ байни Фаронсаву Тоҷикистон — лоиҳаҳои Осорхонаи Гиме" баргузор мешавад.

Ба ҳаводорони муд 22 сентябр соати 18:00 дар чойхонаи «Роҳат» намоиши либосҳо аз ҷониби тарроҳон Хуршед Сатторов ва Фарвардин Оташин баргузор хоҳад шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи Ҳафтаи Фаронса аз 17 то 20 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ии Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мактаби тобистонаи "Мероси хаттии Осиёи Марказӣ: натиҷаҳо ва дурнамои тадқиқот" баргузор карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0