Раиси Суғд рӯзи истироҳаташро дар пахтачинӣ гузаронд

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд 16-уми сентябр дар рӯзи истироҳат ҳамроҳи тобеинаш барои кӯмак ба деҳқонон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд,  беш аз 300 корманди мақомоти вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Сирдарё"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, барои ҷамъоварии ҳосили пахтакорон ёрии худро расониданд.

"Ҳашарчиён давоми рӯз наздики 8,5 тонна "тиллои сафед" чида, ба хирман супориданд. Барои чинакчиёни беҳтарин бошад туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд", — изҳор дошт манбаъ.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кардааст, ки ташкили чунин ҳашарҳо барои беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил мусоидат хоҳад кард.

Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дод, ки хоҷагии деҳқонии "Сирдарё" дорои 31 гектар замин буда, дар 14,5 гектари он пахта кишт карда шудаааст.  Манбаъ афзуд, соли равон майдони кишти пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 637 гектар зиёд гардида, ба 5603 гектар расидааст.

Лентаи хабарҳо
0