Қарори Рустами Эмомалӣ барои болобарии нархи об дар Душанбе

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки нархи об дар пойтахт барои аҳолӣ ва ташкилоти ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 боло бурда шавад

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Шаҳрдорӣ нархи як метри мукааби обро барои аҳолӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда 0,49 сомонӣ,  ташкилотҳои буҷавӣ — 1,55 сомонӣ, ташкилоти тиҷоратӣ, намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар пойтахт — 3,75 сомонӣ, марказҳои гарму барқдиҳии 1 ва 2-и Душанбе —  1,35 сомонӣ муайян кардааст.

Бо назардошти расмиёт арзиши як метри мукааб барои аҳолӣ аз 15 октябр ба 0,58 сомонӣ, ташкилоти буҷавӣ 1,8 сомонӣ ва ташкилоти тиҷорӣ 4,4 сомониро ташкил хоҳад дод.

Баробари ин шаҳрдорӣ шеваи нави ҳисобукитобро ҷорӣ кардааст, ки тибқи он нархи оби истифодашуда ба коефиссенти 3 зарб карда мешавад. Бо назардошти расмиёт ва коефиссент арзиши умумии як метри мукааби об барои аҳолӣ 2,44 сомониро ташкил хоҳад дод. Сокиноне, ки ҳисобкунак надоранд, барои ҳар узви оила 8,42 сомонӣ пардохт мекунанд.

"Тариф барои аҳолӣ, ки дар хонаҳои истиқоматиашон ҳисобкунанкҳои обӣ насб нагардидааст, тибқи меъёрҳои хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ амалӣ мегардад", — омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.

Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Барқи тоҷик" хостори болобарии нархи барқ шуд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ нархномаҳои нав барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 роҳандозӣ мешаванд.

Рустами Эмомалӣ ҳадафи бозбинии нархи обу корез дар пойтахтро  баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, азнавсозии шабакаҳои муҳандисӣ, таъмини шаффофият ва танзими муносибатҳо дар пардохти ҳаққи хизматрасонӣ, беҳтаргардонии фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва ба пуррагӣ пӯшонидани хароҷот ва таъмини рушди Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" гуфтааст.

Шаҳрдори Душанбе масъулинро барои шарҳи нархномаи нав ба мардум муваззаф карда, таъкид намудааст, ҳисобкунакҳои обӣ то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 фоизи муштариён таъмин карда шавад.

"Ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад", — таъкид намудааст Рустами Эмомалӣ.

Шаҳрдор дастур додааст, ки "Обу корези Душанбе" минбаъд то ҳадди имкон аз дарёфти маблағгузориҳои қарзӣ бо асъори хориҷиву фоиздор худдорӣ намуда, фаъолияти хоҷагидории корхонаро аз ҳисоби даромади худии корхона ба таври сарфакорона таъмин намояд.

Лентаи хабарҳо
0