ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни баррасии масъалаи қоидавайронкунӣ дар роҳҳои ВМКБ гуфт, аксаран фарзандони мансабдорон, аз ҷумла фарзандони мақомдорони шаҳри Хоруғ қоидаҳои роҳро вайрон мекунанд.
“Дар шаҳри Душанбе айнан ҳамин аҳвол буд”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур афзуд, вазъ дар Душанбе баъди он ислоҳ шуд, ки тибқи талаботи қонун мансабдорон ё фарзандонашон, ки қонуни танзиму қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд, аз мақом барканор шуданд.
“Хизматчии давлатӣ, хоҳ вазир аст, хоҳ вакил аст, хоҳ муовини сарвазир, касе набошад, аз мансаб сабукдӯш гардид. Ором шуд! Ана ҳамин корро дар ин ҷо ҳам кардан даркор”, — зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, хизматчиёни давлатӣ бояд нахуст, фарзандони худро тарбия кунанду баъд дигаронро ташвиқу тарғиб намоянд.
“Фарзанди худашро тарбият карда наметавонад, вай чӣ гуна хизматчии давлатӣ дигаронро ташвиқу тарғиб мекунад? Дар ҳоле ки фарзанди худаш, гапашро намегирад”, — изҳор дошт раисиҷумҳур
Ин дар ҳолест ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон мақомдороне, ки фарзандонашон ба нақзи қонуни танзим ва ё дигар қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, аз мансабашон барканор мешаванд.