Дар Душанбе Фестивали кӯдаконаи “Рангоранг” баргузор шуд

© Фото : Аз бойгонии Беҳрӯз ЗеваровЛавҳаи "Душанбе дӯстат дорам"
Лавҳаи Душанбе дӯстат дорам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Боғи кӯдакони Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони “Рангоранг” баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Фестивали мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи пойтахт бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд, иттилоъ додааст хабаргузории "Ховар".

Дар доираи фестивали мазкур кӯдакону наврасон — таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт дастранҷи ҳунару эҷоди худро ба маърази тамошо гузошта, инчунин бо роҳбаладии омӯзгорон барои сокинону меҳмонони навраси пойтахт барномаҳои дастони моҳир баргузор карданд.

Таҷлили Иди асал дар бозори Меҳргони шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашни асал дар Душанбе: нарх аз 20 то 60 сомонӣ

Дар фетивали мазкур корҳои кӯдакон дар бахшҳои ҳунариву техникӣ, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин ба хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт имконият доштанд, ки бо иттиҳодияҳои таълимӣ ва маҳфилҳои Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт аз наздик ошно шуда, ба онҳо аъзо шаванд.

Фестивал бо баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки наврасони эҷодкор хотима ёфта, ба иштирокчиёни барнома ифтихорномаҳову дипломҳо тақдим карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0