Раисиҷумҳур дар бораи бебарқии Бартанг: сохтмони "Хатфат" тезонда шавад

© © фото предоставил Саидмамад ГуломшоевСолнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды
Солнечная печь, которого используют жители Бартанга для разогрева воды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бебарқии деҳоти дурдасти водии Бартангро зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот гуфт, аз соли 2016 то нимаи соли 2018 96 фоизи ВМКБ, ба истиснои қисми муштариёни водии Бартанг ва ноҳияи Мурғоб, бо барқи шабонарӯзӣ таъмин гардиданд.

Ӯ изҳор доштааст, ки мушкили сокинони ноҳияи Мурғоб баъди бозсозии нерӯгоҳи "Оқсу" ҳал шуд ва мардуми ноҳия феълан пурра бо барқ таъмин мебошанд.

Саидмамад Ғуломшоев, сокини деҳаи Барчидиви Бартанги боло - Sputnik Тоҷикистон
Ғуломшоев: Душанберо нашинохтам, аммо Бартанги боло ҳамоно бебарқу бероҳ (АКС)

Раисиҷумҳур дар мавриди деҳоти бебарқи Бартанг ба масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати "Помир энержӣ" дастур додааст, ки корҳои лоиҳакашию ҷалби сармоя барои бунёди  нерӯгоҳи "Хатфат"‑ро тезонанд.

"Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, ширкати "Помир-Энерҷи" вазифадор карда мешаванд, ки корҳои лоиҳакашиву ҷалби сармояро барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии ба нақша гирифташуда, алалхусус, нерӯгоҳҳои "Себзор", "Санобод" ва "Хатфат" суръат бахшида, афзоиш додани содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояи Афғонистон, бунёду азнавсозии хатҳои интиқоли барқ, таъмини аҳолии деҳоти дурдасти кӯҳистон бо нерӯи барқи доимӣ ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани низоми истеҳсол ва барқтаъминкунӣ лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва татбиқ намоянд", — изҳор доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дастури раисиҷумҳур дар ҳолест, ки дар деҳаҳои Рухч, Нисур, Япшорв, Рошорв ва Барчидифи Бартанги боло неругоҳҳои барқӣ вуҷуд надоранд ва мардум аз бебарқию бероҳӣ пайваста дар азобанд.

Саидмамад Ғуломшоев, сокини деҳаи Барчидиф, мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон соли 2016, зимни сафар ба Бартанги боло дастур дода буд, ки дар мавзеи Хатфат, дар назди деҳаи Нисур нерӯгоҳи обӣ сохта мешавад, аммо то ҳол иҷро нашудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки зоҳиран ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи мақомдорони вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ канор мондааст.

Ғуломшоев аз масъулини вилоят, ҷумҳурӣ ва созмонҳои фаъоли байналмилалӣ дар минтақа хост, барои ҳалли мушкилоти бебарқию бероҳии мардуми Бартанги боло мусоидат кунанд. Ӯ гуфт, сокинони мушкилнописанди Бартанги боло дар ҳалли бебарқию бероҳӣ ба каме дастгирӣ ниёз доранд ва бо андаке кӯмак ва саҳми худи мардум метавонанд мушкилотро ҳал намоянд.

Лентаи хабарҳо
0