ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, омори силоҳҳои ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои куштор, марзшиканӣ, СПИД, нашъамандӣ, пайвастшавӣ ба терроризм, пуштибонҳои ҷинояткорон дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масоили мубрамро баён дошт.
Sputnik Тоҷикистон пораҳое аз суханронии Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди камбудиҳои ҷойдошта дар вилоят, ки бояд ислоҳ шаванд, бе тағйир пешниҳод мекунад:
Бо вуҷуди пешравиҳое, ки имрӯз дар ҳаёти сокинони вилоят ба даст омадаанд, баъзе камбудиҳое низ вуҷуд доранд, ки мо бояд онҳоро пинҳон накунем, балки ошкоро гӯем ва барои ислоҳу аз байн бурдани онҳо ҳама якҷо кӯшиш кунем. Зеро чунин камбудиҳо боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.
Масалан, бо вуҷуди коҳиш ёфтани содиршавии баъзе ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои махсусан вазнин, сатҳи умумии содиршавии ҷиноятҳо дар вилоят тамоюли болоравӣ дорад.
Аз ҷумла содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, қаллобӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин афзудааст.
Вале мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба баъзе ҷиноятҳое ҷалб намоям, ки бо ҳамдигар алоқаи бевосита дошта, ба амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Яке аз ин ҷиноятҳо убури ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи маълумот дар солҳои охир 136 ҳолати содиршавии чунин ҷиноят аз тарафи сокинони вилоят ва шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст.
Албатта, мақсади убури ғайриқонунӣ шиносоӣ бо ҳаёти кишварҳои ҳамсоя нест.
Натиҷаи ин сафарҳо ба омори дигар намуди ҷиноятҳо таъсири худро мерасонад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯи ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии силоҳи оташфишон дар кишвар мавқеи аввалро ишғол мекунад.
Дар панҷ соли охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар аз аҳолии вилоят қариб якуним ҳазор мил силоҳи оташфишони ғайриқонуниро мусодира кардаанд.
Нисбат ба 235 нафар оид ба ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 285 мил силоҳи оташфишон мусодира гардида, инчунин, 59 нафар сокинони вилоят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шудаанд.
Шумораи аслиҳаи мусодирашуда дар бист соли охир аз панҷ ҳазор мил гузаштааст.
Танҳо дар панҷ соли охир бо истифодаи силоҳ қариб 100 ҷинояти вазнин содир шудааст, ки аксари онро одамкушӣ ва қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ташкил медиҳад.
Ҷинояти дигари бо убури ғайриқонунии сарҳад алоқаманд қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Дар панҷ соли охир дар қаламрави вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ қариб се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Агар соли 2013-ум 6,9 фоиз маводи нашъаовари дар кишвар мусодирашуда ба вилоят рост омада бошад, ин рақам дар соли 2017 ба 12,8 фоиз ва дар шаш моҳи соли 2018 ба 14 фоиз расидааст. Дар ин давра оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 325 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон 40 нафар сокинони вилоят барои содир намудани ҷиноятҳои бо маводи мухаддир алоқаманд дастгир ва маҳкум гардида, дар маҳбасҳои дигар давлатҳо адои ҷазо менамоянд.
Ҳоло дар вилоят 714 нафар шахсони нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд, ки ба 100 ҳазор аҳолӣ 302 нашъаманд рост меояд. Ин рақам нисбат ба ҳисоби миёнаи мамлакат қариб чор баробар зиёд мебошад. Дар шаҳри Хоруғ шумораи нашъамандон аз ҳисоби миёнаи кишвар 14 баробар, ноҳияи Шуғнон 6 баробар ва ноҳияи Рӯшон 5 баробар зиёд аст.
Шумораи нашъамандоне, ки ба қайд гирифта нашудаанд, аз рақами зикргардида ду баробар зиёд мебошад.Танҳо дар даҳ соли охир 196 нафар гирифторони бемории нашъамандӣ фавтидаанд, ки аксари онҳо ҷавонон мебошанд. Шумораи шахсони бар асари ин беморӣ вафоткарда фақат дар шаҳри Хоруғ 149 нафарро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки пешгирӣ кардани ин вабои аср, яъне нашъамандӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар намудҳои ҷиноят ва тарбияи насли солиму солеҳ вазифаи танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки ҳар яки мову шумо, падару модарон, кумитаҳои кор бо ҷавонон, занон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолону шахсони обрӯманд ва ходимони дин низ вазифадоранд, ки қарзи худро дар назди ҷомеа ва наслҳои фардои миллат бо масъулият иҷро намоянд.
Вобаста ба ин, мехоҳам диққати шуморо бори дигар ба оқибатҳои тиббӣ ва иҷтимоии ин вабои аср ҷалб намоям. Қариб чоряки нашъамандон гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, навъҳои гуногуни гепатит ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад. Бахусус, вазъи паҳншавии бемории вируси норасоии масунияти одам, ки табобатнашаванда дониста мешавад, бисёр хатарнок аст.
Аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб нисфи онҳоро сокинони шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 268 нафари онҳо бар асари ин беморӣ фавтидаанд. Шумораи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар вилоят ба сад ҳазор нафар 283 нафарро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар қариб дуюним баробар зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби миёна 9 баробар ва дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон беш аз дуюним баробар зиёд мебошад. Мо танҳо дар бораи онҳое сухан меронем, ки аз ташхиси тиббӣ гузашта, дар муассисаҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд. Чанд нафар нашъамандону беморон ба қайд гирифта нашудаанд, ҳоло маълум нест. Умуман, то имрӯз бар асари бемориҳои нашъамандӣ, норасоии масъунияти одам ва майзадагӣ 514 нафар сокинони вилоят вафот кардаанд.
Бо овардани ин рақамҳо ман диққати аҳли ҷомеа, бахусус, фаъолон, падару модарон ва наврасону ҷавононро ба он ҷалб кардан мехоҳам, ки ба ин масъала бетараф набошанд. Мо бояд тамоми воситаҳоро истифода кунем, ки пеши роҳи ин раванди номатлуб, нанговар ва сабаби бадбахтии оилаҳои мардуми кишварамонро гирем.
Чунки ҳар як ҷинояти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандиву бемории вируси норасоии масунияти одам на танҳо ба солимии наслҳои имрӯза, балки барои наслҳои оянда, яъне ба генофонди миллат хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Тасаввур кунед, ки аз шахсони гирифтори чунин бемориҳо чӣ гуна фарзанд ба дунё меояд. Ҳамаи ин ба амнияти давлат ва ҷомеа зарба мезанад.
Пас, зарур аст, ки аҳли ҷомеа якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои пешгирии ин зуҳурот қотеъона ва дастҷамъона мубориза баранд.
Таърихи башар бисёр мисолҳоеро дар ёд дорад, ки доираҳои манфиатдор барои зарба задан ба ин ё он миллат ва садди роҳи тараққиёти ин ё он давлат шудан аз маводи мухаддир васеъ истифода кардаанд…
Дигар масъалаи ташвишовар ин аст, ки аз тарафи баъзе сокинони вилоят аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон миқдори зиёди силоҳи оташфишон харидорӣ карда мешавад. Ҳатто ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки баъзан худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои харидории силоҳ ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мусоидат кардаанд.
Таъкид месозам, ки чунин шахсон худ ҷинояткоранд ва набояд дар мақомот кор кунанд.
Ҳоло мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба якчанд масъалае, ки ҳалли онҳо, дар навбати аввал аз роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва падару модарон вобаста мебошад, ҷалб намоям.
Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ба масъалаи пок сохтани ҷомеа аз унсурҳои ҷиноятпеша, муборизаи беамон бо ҷинояткории муташаккил, пешгирӣ кардани содиршавии ҷинояту бетартибиҳо аз ҳарвақта бештар аҳаммият диҳем.
Факту рақамҳо ва шумораи ҷиноятҳои ошкоршуда дар вилоят собит менамоянд, ки риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят, бахусус, дар шаҳри Хоруғ раванди манфӣ касб намудааст.
Дар вилоят 24 ҳазор нафар аҳли зиё (шаҳри Хоруғ 13 ҳазор), беш аз 100 нафар шоиру нависандагон (шаҳри Хоруғ 40), 14 нафар аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 70 нафар аъзои иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон, 6 ҳазор нафар омӯзгорон, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ 365 нафар (номзадҳои илм-44 нафар, докторҳои илм-11 нафар), 5 ҳазор нафар кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ (шаҳри Хоруғ 1700 нафар) ва 28 ҳазор нафар собиқадорону нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд.
Вале тавре ки мушоҳида мегардад, ин табақаи бонуфузи ҷомеа, ҳазорон нафар кормандони муассисаҳои таълимӣ, яъне аҳли зиё, падару модарон ва шахсиятҳои обрӯманд дар решакан кардани ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, хештаншиносӣ, дар ҳақиқат дӯст доштани Ватан, дастгирии падару модар, пешгирӣ кардани фарзандон, хешу табору пайвандон ва ҳамдеҳагони худ аз алоқамандӣ бо муомилоти ғайриқонуниву истеъмоли маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, қонуншиканӣ, бетартибӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ як навъ мавқеи бетарафиро ишғол намудаанд.
Аз ин рӯ, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ба масъалаи сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва инсондӯстиву рафоқат тарбия кардани ҷавонон ва таъмини ҳатмии волоияти қонун диққати боз ҳам бештар диҳанд.
Ҷавонони имрӯза бояд аз гузаштаи пурифтихору ибратомӯзи миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик сабақи мардонагӣ гирифта, ба Ватани худ — Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати тоҷик содиқона хизмат намоянд.
Бо мақсади ба низом даровардани идоракунии маҳаллӣ ва тақвият бахшидан ба раванди тарбияи ҷавонон соли 2013 бо Амри Президенти мамлакат дар шаҳри Хоруғ панҷ кумитаи маҳал таъсис дода шуд.
Айни замон дар шаҳри Хоруғ 2 ҷамоати шаҳрак бо 30 нафар корманд, 5 кумитаи маҳал ва 4 нафар кормандони шуъбаи кор бо маҳаллаҳо, дар маҷмӯъ 39 воҳиди корӣ фаъолият доранд ва маош мегиранд.
Шумораи умумии кормандони маъмурии идоракунии маҳаллӣ 133 нафар ва 11 нафар ходимони динро ташкил медиҳад.
Вазъи риояи қонуният, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор, инчунин роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тақозо мекунад, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳиву тарбиявӣ чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Бори дигар хотирнишон менамоям, ки масъалаи саломатии мардум ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Дар вилоят шумораи зиёди шахсони гирифтори бемории майзадагӣ яке аз омилҳои ташвишовар мебошад. Шумораи расмии майзадагони музмин ба 260 нафар баробар буда, аз ин шумора 142 нафар ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Дар нимсолаи якуми соли равон 12 нафар аз ин беморӣ фавтидааст.
Боз як масъалаи муҳимми дигарро мехоҳам таъкид намоям, ки адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунанд.
Ҳар шахсе, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки вазъи даъват ба сафи Артиши миллӣ дар вилоят ба беҳбудӣ ниёз дорад. Дар давоми 5 соли охир аз ҳудуди вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 2288 нафар даъват гардида, 502 нафар аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд. Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Мурғоб дар сатҳи баланд амалӣ мегардад, вале дар шаҳри Хоруғ ба талабот ҷавобгӯ нест.
Дар ҳудуди шаҳри Хоруғ анъана шудааст, ки нақшаи даъват асосан аз ҳисоби хатмкунандагони соли охири Донишгоҳи давлатии ба номи М.Назаршоев ва сокинони дигар ноҳияҳо иҷро карда мешавад.
Аз ин рӯ, ба вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хоруғ зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, дарки масъулияти ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонони шаҳри Хоруғ тадбирҳои муассир андешанд.
Қобили зикр аст, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар бобати сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахши хусусӣ, тарбияи ахлоқии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои таърихиву фарҳангии мардум ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин ахбору навигариҳо аз дохилу хориҷи кишвар мавқеи асосӣ дорад.
Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншиканӣ дар бахши истифодаи замин интиқод кард:
"Дар панҷ соли охир бо эътирози прокурорҳо 170 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба замин бекор карда шуда, нисбат ба 109 нафар шаҳрвандон ва шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатии соҳа парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Масъалаи дигаре, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон боиси коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ мегардад, коррупсия мебошад.
"Дар панҷ соли гузашта ба мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ дар идораву муассисаҳои вилоят аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 728 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, зиёда аз 20 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст", — иттилоъ дод раисиҷумҳур.
Раисиҷумҳур афзуд, дар рафти санҷишҳои молиявӣ 12,5 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки 62 фоизи зарари ошкоршударо ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, масъулини мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро муваззаф намудааст, ки дар самти бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта чораандешӣ намоянд.