Ҳабси шаҳрванд дар Душанбе барои дашноми ронандаи мусофирбар

© УМВД города ДушанбеАрестованный Лутфуллоев Бахтиёр за оскорбление водителя маршрутки в Душанбе
Арестованный Лутфуллоев Бахтиёр  за оскорбление водителя маршрутки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Бахтиёр Лутфуллоевро дар дағалӣ бо ронандаи нақлиёти мусофирбар гунаҳкор дониста, ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, Лутфуллоев рӯзи 8 сентябри соли равон дар ҳолати мастӣ бо Ҳадятулло Шарипов, ронандаи нақлиёти мусофирбари рақами 25 ҷанҷол карда, ӯро дашном додааст.

"Ҳодиса дар назди бозори Меҳргони шаҳри Душанбе рух дода, шаҳрванд Лутфуллоев Бахтиёр бо додани дашномҳои қабеҳ обрӯю эътибори ронанда Шариповро дар назди мардум паст зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаст", — иттилоъ дод РВУД.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Лутфуллоевро дар майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, барои ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин кардааст.

Лентаи хабарҳо
0