Русия маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷикро ҳисобу китоб кард

© Sputnik / Сергей Сергеев / Гузариш ба медиабонкWestern Union денежные переводы. Архивное фото.
Western Union денежные переводы. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ба ватанашон 672 миллион доллар интиқол додаанд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон 672 миллион долларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мақоми аввалро дар интиқоли маблағ аз Русия, Узбакистон гирифтааст. Шаҳрвандони ин кишвар ба ватанашон 759 миллион доллар равон намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз Узбакистон ба Русия ҳамагӣ 95 миллион доллар интиқол дода шудааст.

Инчунин, аз Русия ба Қирғизистон 681 миллион доллар, Қазоқистон 205 миллион ва Туркманистон ҳамагӣ 100 ҳазор доллар интиқол дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки дар семоҳаи аввали соли равон муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба кишварашон 487 миллион доллар равон намуда буданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар интиқоли маблағ миёни кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли равон ҷои дуюмро ишғол карда буд, дар ҷойи аввал Узбакистон буд.

Дар 6 моҳи соли равон вазъ тағйир ёфта ҳоло Тоҷикистон дар ҷои севум қарор дорад. Узбакистон ва Қирғизистон дар ҷойҳои якуму дуюм қарор доранд. 

Лентаи хабарҳо
0