ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бино ба иттилои, федератсияи футболи Тоҷикистон, барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои марҳалаи дуюм панҷ дастаи мунтахаб-Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ рақобат мекунанд.
Бозиҳо миёни тимҳои бонувон аз 15 то 23 сентябр идома меёбанд.
Ба марҳалаи дуюми мусобиқот, ки аз 23 феврал то 3 марти соли 2019 гузаронида мешавад, аз натиҷаи бозиҳои марҳалаи аввал 8 даста-ғолибон ва соҳибони ҷои дуюм, инчунин ду дастаи беҳтарини зинаи сеюм шомил мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати охирини Осиё — Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония дар бозиҳои ниҳоӣ мустақиман ширкат мекунанд. Чемпионат соли оянда дар Таиланд баргузор хоҳад шуд.