ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар ноҳияҳои кӯҳистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шабона дар минтақаи баландкӯҳ борон ба барфи тар табдил меёбад, иттилоъ додааст Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Фардо 13 сентябр дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво то 8 дараҷа поин рафта, пурзӯр шудани вазиши шамол бо чангу ғубор пешбинӣ шудааст.
Дар Хоруғ рӯзи ҷумъа борони кӯтоҳмуддат борида, ҳарорат рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯзи оянда обуҳавои бебориш бо чангу ғубор дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд борон ва дар кӯҳҳо барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13, рӯзона 21-26 дараҷа ва дар кӯҳҳо шабона 2-7 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзи панҷшанбе обу ҳаво дар пойтахт бебориш бо чангу ғубор пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 11-13 ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад. Рӯзи панҷшанбе дар Душанбе борони кӯтоҳмуддат борида, ҳарорат рӯзона то 25 дараҷа гармӣ поин меравад.