Эҳтимоли афви наздик ба 200 маҳбус дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Тюрьма, архивное фото
Тюрьма, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кул ва Вазорати адлияи Тоҷикистон санади афви 182 нафарро таҳия намудаанд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон даҳҳо зиндонӣ метавонанд дар рӯзҳои наздик афв ва озод шаванд, иттилоъ додааст хабаргузории "Россия для всех".

Дар қатори нафароне, ки қарор аст озод шаванд, маҳбусони ба ном сиёсӣ низ мавҷуданд, гуфтааст манбаъи хабаргузорӣ дар Вазорати адлия.

Додситонии кул ва Вазорати адлия Тоҷикистон санади озодшавии 182 нафарро, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон қарор доранд, таҳия намудааст.

"Чуноне, ки ман медонам, баъзе аз шахсиятҳои машҳур, ки онҳо маҳбусони ба ном сиёсӣ дониста мешаванд, озод хоҳанд шуд", — гуфтааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки афви умумӣ дар Тоҷикистон мунтазам сурат мегирад. Раисҷмҳури Тоҷикистон бештар афви умумиро дар арафаи ҷашнҳои муҳими кишвар анҷом медиҳад.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки ба рӯйхати авфшудагон собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов, яке аз роҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, Маҳмадали Ҳаит ва дигар мухолифин шомил шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар охири моҳи сентябри соли 2015, Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситонии кули кишвар ҲНИТ-ро ҳизби экстреместию террористӣ дониста, фаъолияти онро дар ҷумҳурӣ манъ кард. Суҳбатҳо дар мавриди маҳбусони сиёсӣ дар ҳолеянд, ки мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид намудаанд, ки дар қонунгузории кишвар чунин истиллоҳ вуҷуд надорад ва афроде, ки аз онҳо маҳбуси сиёсӣ ном бурда мешавад, барои ҷиноёти мушаххас дар доираи Кодекси ҷиноии кишвар маҳкум шудаанд. 

Лентаи хабарҳо
0