ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бинои мазкур дар масоҳати 1 гектар сохта шуда, аз 7 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Дар маҷмуъ иншооти муосир дорои 150 ҳуҷра бо 300 ҷойи корӣ мегардад. Барои боз ҳам зебо гардонидани атрофи иншоот дар саҳни бино бунёди фаввораҳо ва гулгашту хиёбон ба нақша гирифта шудааст", — иттилоъ додааст манбаъ.
Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро ба иҷрои босифату саривақтии корҳо даъват кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намудааст, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон марказҳои маъмурии ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бо бунёди иншооти наву муосир симои тоза касб менамоянд.