ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бино ба иттилоии Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 25+30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +10 +15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.