Рамзҳои асосии Тоҷикистон: аз қадим то замони истиқлол

Обуна шудан
27 сол пеш 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон аз ИҶШС (СССР) истиқлолиятро ба даст овард. Ҳар сол дар Тоҷикистон 9 сентябр — "Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад. Иди Истиқлолият яке аз идҳои асосии расмии давлати Тоҷикистон аст

9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати "Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"- ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", 9 сентябр — ҳамчун "Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон" дар ҷумҳурӣ муайан шудааст. 9 сентябр иди расмии давлатӣ буда, ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коллективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд.

Парадҳои ҳарбӣ, салюти артиллерӣ ва оташбозӣ дар рӯзҳои ид мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ва бо тартиби муайянкардаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои парчам, рамз ва ҳукумат ва маҳдудаи ҷуғрофии худ аст, ки аз тарафи ҳама кишварҳои олам пазируфта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0