Соати 18:50-и 16 ноябр: шоми Рӯзи Президентро барқи "Роғун" рӯшан хоҳад кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон на строительной площадке Рогунской ГЭС
Эмомали Рахмон на строительной площадке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати НБО "Роғун" дар сомонаи интернетии нерӯгоҳ лавҳаи соатеро фаъол кардааст, ки то оғози кори нахустин чархаи нерӯгоҳ рӯз, соат, дақиқа ва сонияро ҳисоб мекунад

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Тибқи ин соати электронии маҷозие, ки феълан то фаъолшавии чархаи якуми нерӯгоҳ  67 рӯзу ҳудуди се соатро нишон медиҳад, тавлиди барқ дар нерӯгоҳи "Роғун" соати 18:50-и 16-уми ноябр оғоз хоҳад шуд.

Эмомали Рахмон встретился с председателями организации Salini Impregilo Пиетро Салини - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба Салини: навбати аввали агрегати "Роғун" бояд то тирамоҳ ба истифода дода шавад

Санаи 16 ноябр бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи идҳо Рӯзи Президент таҷлил мешавад.

Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотӣ гуфт,  чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" имсол дар Рӯзи Президент, 16 ноябр, фаъол хоҳад шуд. Ӯ  афзуд, ки чархаи дуюми нерӯгоҳи "Роғун" моҳи апрели соли 2019 ва охирон соли 2028 ба кор оғоз мекунад.

Ба гуфтаи Усмонзода чархаи аввали нерӯгоҳ, ки дар марҳилаи аввал ҳамагӣ 100 МВт иқтидор дорад, ки барои таъмини пурраи Тоҷикистон бо барқ ҳанӯз кофӣ нест.

Дар сурати пурра фаъол шудани НБО "Роғун", нерӯгоҳ бо иқтидори 3600 Мвт ва беш аз 300 метр садди обанбор бузургтарин дар минтақа хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0