ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, бисёри ҳолатҳои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муносиботи дағал нисбати бонувон дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо сурат мегиранд.
Манбаъ афзуд, дар пайи амалиёт Беҳруз Валиев, сокини 26-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид, ки 4 сентябр дар ҳолати мастӣ дар тарабхонаи "Лондон", воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ нисбати шаҳрванд Шоираи Мирзомурод беэҳтиромӣ намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ додааст.
Додгоҳ Валиевро барои майдаавбошӣ ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Раёсати умури дохилии Душанбе афзуд, ҳамчунин шаҳрванд Достиев Бахтиёр Дониёрович соли таваллудаш 1983 ва Саймиддинова Зарина Наврӯзовна, соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, боздошт гардиданд.
"Номбурдагон 2-юми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 20:30, дар ошхонаи "Чинор" воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, дар ҳолати мастӣ бо пешхизмат дарафтода, дашномҳои қабеҳ доданд", — омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намуд, ки бо қарори додгоҳ Бахтиёр Достиев ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва Зарина Саймиддинова ба 350 сомонӣ ҷарима маҳкум шудааст.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон афзуданд, ки дар пайи дастури Рустами Эмомалӣ назорати одоби шаҳрдорӣ ва тартиботи ҷамъиятиро пурзӯр карда, аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки дар ҳолати ҷой доштани чунин ҳолатҳо ба мақомот муроҷиат кунанд.