Дар пойтахт бахшида ба рӯзи Истиқлолият мусобиқаи гӯштингирӣ ва аспдавонӣ баргузор мешавад

CC BY 3.0 / wikimedia / Дзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе бахшида ба 27-умин солгарди ҷашни Истиқлолият мусобиқаи гӯштии миллӣ ва аспдавонӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 10 сентябр ба муносибати 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" бо иштироки варзишгарон ва паҳлавонони номии кишвар мусобиқаи гӯштингирӣ доир мешавад.

Аммо қабл аз мусобиқа даври ниҳоии фестивали намудҳои миллии варзиш ҷамъбаст мегардад.

Инчунин шаҳрдорӣ хабар додааст, ки рӯзи 15 сентябр, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад.

Поздравления Президента по случаю дня Независимости - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо ҷашни Истиқлолият табрик кард

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 8 — 9 сентябр дар тамоми боғҳои фарҳангӣ — фароғатии пойтахт сайру гашти идона ва барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ баргузор мегарданд.

"Шоми 8-уми сентябр соати 18:00 дар чор ноҳияи шаҳр — Шоҳмансур дар майдони 800 солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва Сино дар Майдони Сино(назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ифтихори Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барномаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ доир мешаванд", —иттилоъ додааст шаҳрдорӣ.

Инчунин ба гуфтаи манбаъ, шоми 9-уми сентябр бахшида ба ин санаи пурифтихор дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, аисҷумҳури кишвар намоиши театриткунонидашуда таҳти унвони "Тантанаи Истиқлол"баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0