ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба иттилои, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, кишварро дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ 4 ҷавони тоҷик аз литсейҳои гуногуни кишвар муаррифӣ карданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар олимпиадаи мазкур 350 нафар довталаб аз 87 давлати дунё иштирок намуданд.
"Тоҷикистонро дар ин олимпида 4 нафар-Фарҳод Ҳакимиён, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Давлатхоҷа Магзумов, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ» дар шаҳри Душанбе, Акмал Мамадшоев ва Хусрав Ашурзода, хонандагони Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе муаррифӣ намуданд", — таъкид кардааст манбаъ.
Дафтари матботи вазорат афзудааст, ки дар ҷамъбасти олимпиада Фарҳод Ҳакимиён аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гашатааст.