Баргузории нахустин намоиши “Флайборд” дар Душанбе

Обуна шудан
Барои нахустин бор аст, ки ба сокинони пойтахт намоиши варзиши обии “Флайборд” баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Бино ба иттилои ҳукумати шаҳри Душанбе, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ифтихори таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолитяи Тоҷикистон рӯзҳои 6-ум, 7-ум ва 8-уми сентябри соли равон намоиши варзиши обии "Флайборд", баргузор мешавад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ дар Душанбе фестивали тобистона баргузор мекунад

"Намоиши мазкур аз соати 17.00 то 20.00 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» баргузор карда мешавад",- гуфт манбаъ.

Манбаъ афзудааст, ки ин намуди варзиш бори аввал дар Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, барои муаррифии он варзишгарони варзидаи сатҳи байналмилалӣ аз Русия даъват шудаанд.

Ҳамчунин мақомоти шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки даромад ба намоиши мазкур комилан ройгон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0