ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуруҳи 10 нафариии ноболиғон дар пули роҳи оҳан дар шафати Наврӯзгоҳи пойтахт, ки ахиран таҷдид шуда буд, даҳҳо таҷҳизоти равшандиҳандаро шикастанд.
Манбаъ афзуд, ки ҳодиса 29-уми август рух дода, ноболиғон 23 "прожектор" ва 2 чароғакҳоро шикаста, ба маблағи 20 ҳазору 750 сомонӣ зарар расондаанд.
ВУД аз тахрибкорон хонандагони макотиби 52 ва 19-и шаҳри Душанбе ном бурда, изҳор доштааст, ки онҳо бо роҳбарии ноболиғони дигар Нозимзода Қосим ва Ярославтсев Сиёвуш амал кардаанд.
Мақомоти милиса изҳор доштааст, ки ҳодиса дар рӯзи равшан рух дод ва шаҳрвандоне, ки шоҳиди ҳодиса шудаанд бетарафӣ ихтиёр намудаанд ва ҳатто ба мақомот хабар надодаанд.
Феълан алайҳи волидони ноболиғон барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санад таҳия шуда, барои чораандешӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.