Ҳалокати се ҳамсинф дар роҳи Норак: охирин паёмашон ба дӯстон

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 4-уми сентябр дар пайи сарозер шудани мошини "Долун" ба чуқурии 175 метрӣ се ҷавони 31-сола ба ҳалокат расидаанд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, ҳодиса тахминан соати 19:15 дақиқа рух дод.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Долун", Ғуломов Умаралӣ Ашуралиевич, соли таваллудаш 1987, сокини деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар километри 45-уми шоҳроҳ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, онро ба чуқурии 175-метрӣ чаппа кардааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа худи ронанда Ғуломов ва мусофирони автомашина — Искандаров Акбар Саидмуродович, Қараев Субҳон Амиршоевич, соли таваллудашон 1987, сокинони деҳаи Меҳрободи шаҳри Ваҳдат, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

ВУД афзуд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Ҳалокшудагон се дӯсту ҳамсинф будаанд, ки чанд лаҳза пеш аз садама паёме ба дӯсташон бо номи Зариф сабт кардаанд, ки навори он ба интернет роҳ ёфт. Онҳо дар ин навор изҳор медоранд, ки бекоранд ва барои истироҳат ба Себистон рафта истодаанд. Зимни хайрухуш мегӯянд, Умар хайр кардааст ва онҳоро даъват намудааст.

Лентаи хабарҳо
0