Навори ифтитоҳ ва равуои Раҳмон дар нахустин эстакадаи Тоҷикистон

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонИфтитоҳи нахустин эстакада маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе
Ифтитоҳи нахустин эстакада маҳаллаи 82-и шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар маҳаллаи 82-юми пойтахт нахустин эстакада, ё худ роҳи бисёрқабатиро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, чорсӯи нав аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад.

"Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад", — изҳор дошт манбаъ.

Манбаъ афзуд, ки дар сохтмони эстакада 4 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудаанд.

Ба раисиҷумҳур гузориш додаанд, ки дар роҳи сеқабата ҳамаи қитъаҳо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд, истифода шудааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорӣ аз он назар ба дигар намуди он 4 — 5 сол зиёдтар мебошад.

Фармоишгари иншооти Вазорати нақлиёт — Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо "Синдзян-Бейсин" —и Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст.

Лентаи хабарҳо
0