ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, боғи мазкур бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон пурра навсозӣ гардид.
Масоҳати умумии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" 30 гектарро ташкил дода, аз ду даромадгоҳ —шимолӣ ва ҷанубӣ иборат мебошад.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон дар 60 нуқтаи ин боғ камераҳои мушоҳидавӣ ва таҷҳизоти радиошунавонӣ насб карда шуда, ду адад таваққуфгоҳ барои 250 воситаи нақлиёт низ барои истироҳаткунандагон сохта шудаанд.
Манбаъ илова кард, ки дар "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ" сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур тайи ду сол дар шаҳри Душанбе 4 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супориш додаст, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.