Субҳи раисиҷумҳур аз корхонакушоӣ дар Ёвон оғоз ёфт

© пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи 6-уми сентябр барои ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияи Ёвон рафт

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, нахуст дар корхонаи "Ҷунгтсай Моҳир семент" ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ ҳусни оғоз бахшид.

"Иқтидори коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯз 72 метр қубурҳои қутрашон аз 500 то 2000 миллиметраро ташкил медиҳад. Талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур дар мамлакат зиёд буда, аз он бештар дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмони иншооти обёрӣ истифода карда мешавад", — иттилоъ дод дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Сипас раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении "Моҳир пластик" шинос шуд, ки барои крхонаҳои бузурги истеҳсоли семент дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро тавлид мекунад.

Сафари кории раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0